Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус нақшаи машваратҳоро барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд

Апрель 13, 2023 18:32

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи мамлакат ва рафти иҷрои тавофуқоти дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2022 ҳосилшударо муҳокима карданд.

Ҷонибҳо аҳамияти рушди пайвастаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларусро дар заминаи усулҳои шарикии стратегӣ таъкид намуданд.

Аз натиҷаи мулоқот Нақшаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2023-2024 ба имзо расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2023 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд