Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 23.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, 24-25 май бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мебошанд, боло меравад ва эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд аст.
Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои хатарнок ба соҳили махзанҳои об нараванд ва ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.
Ҳамчунин Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт намоянд, аз ҷамъоварии замбурӯғ, алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки сари вақт ҷӯйборҳо, каналу селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партов ва регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзор эмин бимонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»