Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тирамоҳ эҳтимоли паҳншавии баъзе бемориҳои сироятии мавсимӣ, аз ҷумла сироятҳои шадиди роҳҳои нафас, зуком, гепатити А — зардпарвин, инчунин бемориҳои сироятии рӯдаву меъда зиёд мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Авҷи бемориҳо дар фасли тирамоҳ
Бемориҳое, ки дар фасли тирамоҳ авҷ мегиранд, инҳо ҳассосият, асабоният, дарди сар, тарбод, зардпарвин, захми меъда ва дигар бемориҳо мебошанд. Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, инсон бояд ба ҳавои ин фасл мутобиқ шавад. Аввалан, инсон бояд мутобиқи боду ҳаво либос ба бар намояд ва дуюм, хӯрокҳои серғизои ба организм фоидаовар истеъмол кунад. Инчунин тарзи ҳаёти солим, яъне машқҳои варзишӣ ва сайру гашт дар ҳавои тозаро пайваста иҷро намояд.
Инчунин тағйирёбии ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун, ивазшавии бофтаҳои бунияи инсон ва фаъолияти онҳо таъсири мухталиф мерасонад. Ба кӯдакон бояд омӯзонд, ки дастҳояшонро мунтазам бо обу собун бишӯянд, ҳангоми сулфа ва атса даҳону биниро пӯшонанд ва ба чашм, бинӣ ва даҳон бо дастони ношуста даст нарасонанд. Агар кӯдак таб, сулфа, дарди гулӯ, бемадорӣ, қайкунӣ, дарунравӣ ё зардшавии пӯсту чашм дошта бошад, ӯро ба мактаб нафиристода, бояд сари вақт ба табиб муроҷиат намоед.
Бемориҳои системаи асаб
Дар фасли тирамоҳ бисёриҳо ба депрессия (афсурдаҳолӣ, руҳафтодагӣ) гирифтор мешаванд. Ин ҳолат омилҳои зиёд дорад. Кӯтоҳ шудани рӯзҳо, норасоии нурҳои ултрабунафш ва витамини Д, хазонрезӣ ва якрангӣ барин ҳолатҳо табъи касро хира месозанд. Бо ҳамин сабаб дар фасли тирамоҳ асабоният, бехобӣ ва дигар иллатҳои системаи асаб авҷ мегиранд. Бинобар ин кӯшиш кунед, ки бе сабаб ва беҳуда асабонӣ нашавед. Вақте ки асабатон вайрон мешавад, дарҳол ягон дору истеъмол намуда, мусиқии дӯстдоштаатонро гӯш кунед ва ё ба кори писандидаатон машғул шавед. Сайр дар ҳавои тоза низ барои ором кардани асаб ёрӣ мерасонад.
Гепатит ё зардпарвин
Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, зардпарвин аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ маҳсуб шуда, кас дар ҳар синн ба ин касалӣ гирифтор шуда метавонад. Барангезандаи ин беморӣ асосан вирусҳое мебошанд, ки дар таркиби хуни инсон ба харобкорӣ сар мекунанд. Гирифторӣ ба касалии зардпарвин дар фаслҳои тобистон ва тирамоҳ бештар ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ки гепатитҳои вирусӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: «А», «В», «С», «Д», «Е», «F», «G». Гепатитҳои вирусии «А» ва «Е» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо роҳҳои фазладаҳонӣ бо зарарёбии ҷигар, испурҷ ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо мешаванд. Дар Тоҷикистон танҳо 5 намуди он (А, В, С, D ва E) муайян карда мешаванд.
Худи зардпарвин ҳолати хатарнок нест, балки нишонаи бемории вазнинтар аст. Бемории зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ ва зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, дар он раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани билурубин халал меёбад.
Зардпарвини вирусӣ беморие аст, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунравӣ ва дигар оризаҳо мешавад. Роҳи асосии пешгирӣ кардани ин бемориҳо риоя кардани ҳолати гигиенӣ ва санитарӣ аст. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, тез-тез дастҳояшонро бо собун шустушӯ кунанд ва хӯрокро хуб пазанд. Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман бояд макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.
Дар тирамоҳ бештар зуком авҷ мегирад
Ба иттилои табибон, зуком бештар дар фасли тирамоҳ авҷ мегирад. Зеро ҳаво ҳанӯз чандон сард нест, одамон либоси гарм пӯшидан намехоҳанд ва ҳатто дар рӯзҳои боронӣ ҳам баъзе нафаронро бо сару либоси тунук дидан мумкин аст. Маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки кас ба зудӣ шамол кашида, ба бемории зуком гирифтор шавад. Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд, аз ин рӯ барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ истеъмоли маҳсулоте, ки дар онҳо витамини С бештар аст, тавсия дода мешавад.
Авҷи тарбод дар ин фасли сол
Тарбод (ревматизм) як навъ бемории сироятию аллергиеро мегӯянд, ки зимни он бофтаҳои пайвасткунанда, махсусан системаи дилу рагҳо зиён мебинад. Тарбод беморие дониста мешавад, ки на фақат ба буғумҳо, балки ба дил ҳам асар мекунад.
Тарбоди шадид одатан баъди ангина (дарди гулӯ) инкишоф меёбад. Дар натиҷа ҳарорат баланд шуда, бемор хастаҳол мегардад ва бисёр арақ мекунад; бандҳои нисбатан калони бадан (зону, пой, оринҷ ва ғайра) дарду варам мекунанд ва пӯсти рӯи онҳо сурх мешавад. Дарди бандҳо дер давом накарда, аз як банд ба дигараш мегузарад. Баъди якчанд рӯз варами бандҳо мегардад, вале ин аломати шифо ёфтани бемор нест, чунки ҳангоми тарбод ғайр аз бандҳо аввал дилу рагҳои хун ва сонитар пӯст, шуш, ҷигар, пардаҳои луобӣ, гурда, системаи асаб ва ғайра низ иллатнок мешаванд. Дар натиҷаи сари вақт муолиҷа намудани тарбод бемор шифо меёбад. Тарбоди кӯдакон нисбат ба тарбоди калонсолон вазнинтар мегузарад. Ин гурӯҳи беморон бояд соле як-ду бор одатан баҳору тирамоҳ аз назорати табибон гузаранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






