Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавии Қазоқистон иштирок намуд

Май 25, 2023 13:40

ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17-18 май ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Идоракунии самаранок барои рушди иқтисод», ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конфронс муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед ва намояндагони якчанд сохтори зертобеи вазорат иштирок намуданд.

Конфронс бо мақсади омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо, татбиқи он дар ҷумҳуриҳо ва тақвияти муносибатҳо барои мустаҳкам намудани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шуд.

Дар конфронс намояндагони вазорат роҷеъ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2023 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ёдгории нави таърихӣ кашф гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мавлоно бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифат мебошанд»
Пагоҳ Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
«CAFA Nations Cup-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои навбатиро дар шаҳри Тошканд доир кард
Дар Суғд маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид
Бахшида ба 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ дар Академияи миллии илмҳо конфронс доир гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ. Танҳо як ҳолати назарногири риоя накардани ин талабот боиси сар задани бемориҳо ва марги инсонҳо мешавад
«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Беш аз 30 тарроҳ маҳсули дастони худро дар Душанбе ба намоиш гузошт
ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ АРАБ-2023. Футзалбозони тоҷик аввалин бозии худро бо дастаи мунтахаби Либия баргузор намуданд
СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд
«Еximbank»-и Корея дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ бунёд менамояд
«ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Хоруғ даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт

Маводҳои таҳлилӣ