Ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва ҳамраиси ҷаласаи мазкур, сардори ҳайати вакилони парламенти Аврупо Андрис Америкс ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ, мусоидат ба таҳаввулоти демократӣ дар мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист медонад ва саъй мекунад, ки ҳамкории дарозмуддат ва устуворро дар принсипҳои мутақобила инкишоф диҳад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки баррасии масъалаҳои вазъи иҷтимоию сиёсӣ, рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти минтақавӣ, бешубҳа, ба рушди муваффақонаи шарикии мо дар тамоми соҳаҳо ва татбиқи ҳадафҳои иброзгардидаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас, дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин, аз ҷумла «Қабули лоиҳаи протоколи ҷаласаи 9-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2022 дар Брюссел баргузор гардид», «Вазъи кунунии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати минтақавии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ», «Ҳуқуқҳои инсон, волоияти қонун ва сиёсати иҷтимоӣ, аз ҷумла тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодиҳои асосӣ», «Сана ва макони баргузории ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҷаласаи имрӯза, ки дар он масоили муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуд, самарабахш ва қадами навбатӣ дар таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






