Ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид

Май 15, 2023 18:19

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва ҳамраиси ҷаласаи мазкур, сардори ҳайати вакилони парламенти Аврупо Андрис Америкс  ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ, мусоидат ба таҳаввулоти демократӣ дар мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист медонад ва саъй мекунад, ки ҳамкории дарозмуддат ва устуворро дар принсипҳои мутақобила инкишоф диҳад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки баррасии масъалаҳои вазъи иҷтимоию сиёсӣ, рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти минтақавӣ, бешубҳа, ба рушди муваффақонаи шарикии мо дар тамоми соҳаҳо ва татбиқи ҳадафҳои иброзгардидаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Сипас, дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин, аз ҷумла «Қабули лоиҳаи протоколи ҷаласаи 9-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2022 дар Брюссел баргузор гардид», «Вазъи кунунии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати минтақавии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ», «Ҳуқуқҳои инсон, волоияти қонун ва сиёсати иҷтимоӣ, аз ҷумла тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодиҳои асосӣ», «Сана ва макони баргузории ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҷаласаи имрӯза, ки дар он масоили муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуд, самарабахш ва қадами навбатӣ дар таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      

Май 15, 2023 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд