ҒАСБИ ХУДСАРОНАИ ЗАМИН ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ ДАР ПАЙ ДОРАД. Иттилоияи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин маврид

Май 29, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 29.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Барои ғасби худсаронаи замин ва сохтмони худсарона дар он ҷавобгарии  ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин омадааст дар иттилоияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ниҳоди мазкур.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро даъват намудааст, ки дар ҳолатҳои ошкор гардидани қонуншиканӣ вобаста ба замин бо  телефонҳои 235-11-11 ва 235-59-57 ба Прокуратураи генералӣ занг зананд.

Тавре қаблан хабар додем, соли 2022 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 232 шахси мансабдор, пеш аз ҳама, раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои идораи замин, роҳбарони корхонаҳои бақайдгирии давлатӣ ва заминсозии ҷамоатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 29, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд