ҶАВОНӢ КУН, ҶАВОНӢ! Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи фарҳангӣ доир шуд

Май 23, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 23.05.2023. АМИТ /«Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 22 май дар доираи ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон намоиши тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Дар оғоз роҳбарияти Донишкада аз саҳми муҳими ҷавонон дар рушди санъати тасвирии ҷумҳурӣ ёдовар шуд.

Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил аввалин шуда, дар бораи сиёсати ҷавонон қонун қабул намудааст.

Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ барои ҷавонон якчанд имтиёз муқаррар карда шуд. Зиёда аз 40 ҳазор ҷавони тоҷик дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунад. Сафи гирандагони идрорпулии президентӣ сол то сол афзоиш меёбад. Албатта, ҳамаи проблемаи ҷавононро дар муддати кӯтоҳ ҳал кардан мушкил аст. Бо вуҷуди ин Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва беҳтар кардани шароити кору таҳсили ҷавонон кӯшиши зиёд ба хорҷ медиҳад.Ҷавонон бояд дар раванди ҷаҳонишавии муносибат ва урфу одатҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, ба дасисабозии душманони миллат дода нашаванд. Ҳамеша ва дар ҳар куҷо Ватан, модар, зодгоҳ, муқаддасоти миллӣ ва миллати худро дӯст дошта, онро бо номи нек муаррифӣ намоянд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба чанд корманд ва донишҷӯи фаъоли Донишкада сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ба як гурӯҳ донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат» ифтихорномаҳо ва мукофоти пулии раёсат ва иттифоқи касабаи Донишкада супорида шуд.

Ба намоиш гурӯҳи муштараки ҳунарии Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо рақсу таронаҳои дилнишин зинату тароват бахшид.

 АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Май 23, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд