ҶАВОНОН- ДОРОӢ Ё САРВАТИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон лаёқатмандонро ҳавасманд намуданд

Май 22, 2023 20:27

ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Дунё пур аз ҷавонист»-таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ доир шуд. Дар чорабинӣ ҷавононе, ки давоми як соли охир дар соҳаи илм, инноватсия, сиёсат, фарҳангу иқтисод ва дигар соҳаҳо ба дастовард ноил шудаанд, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи иттифоқҳои касаба қадрдонӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии ҳудуди шаҳри Душанбе ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш иштирокчиён вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи истиқлол сухан гуфта, оид ба шароити наве, ки дар ин давра барои пешрафту тақвияти ҷавонон дар мамлакат муҳайё гардидааст, ибрози назар карданд.

Тазаккур дода шуд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон басе хушоянд аст, ки дар мамлакат як рӯзи махсус барои ҷавонон ихтисос дода шудааст, яъне Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, зеро ҷавонон дороӣ ё сарвати стратегии давлат маҳсуб мешаванд.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ шахсони 14-30-сола ҳудудан 30-34 фоизи аҳолии мамлакат ва шахсони то 35-сола қариб 75 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар донишгоҳи молия тақрибан 11 ҳазор ҷавон дар зинаҳои гуногуни илм таҳсил менамояд. Танҳо соли 2022-2023 24 ҷавон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Дар миқёси донишгоҳҳои олии мамлакат ягона донишгоҳе, ки дар он намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» фаъолият менамояд, донишгоҳи молия маҳсуб мешавад, ки 30 аъзои расмӣ дорад ва оянда аъзои он бештар мегардад.

Инчунин дар донишгоҳ 65 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба ин қишри ҷомеа дарак медиҳад.

АКС: Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 

Май 22, 2023 20:27

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид