Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 27, 2023 08:26

ДУШАНБЕ, 27.05.2023/АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев тазаккур дод, санади мазкурро  дар як нишасти тантанавӣ директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва иҷрокунандаи вазифаи Директори  «Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия» Елена Лисенко ба имзо расониданд.

Дар доираи ин Созишнома нахустин намоиши муштарак дар аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади омодагии ин намоиш, ки бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград аз фашизм ва саҳми Тоҷикистон дар он баргузор мегардад, ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» дар шаҳри Санкт Петербурги Русия  қарор доранд.

Дар созишномаи мазкур масъалаҳои таҳкими равобити фарҳангӣ, табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими ашёи нодир, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодир, ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия ва дигар самтҳои муҳимми фаъолияти осорхонавӣ пешбинӣ гардидаанд.

Имзои созишномаи мазкур имкон медиҳад, то ҳамкорӣ  дар бахшҳои гуногун байни ду осорхона тақвият ёфта, ба воситаи ташкилу баргузор намудани намоишу чорабиниҳои гуногун шаҳрвандони Тоҷикистону Русия  аз таъриху фарҳанги ҳамигар боз ҳам бештар огоҳ карда шаванд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 27, 2023 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд