Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 104 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд

Май 21, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошад, тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  нафарони ба Ватан баргардонидаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахон Ҳаётзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода,  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозод ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Бо дархости ҷониби Қазоқистон ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуд.

Раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу Сурия қарор доранд, ҳанӯз се сол қабл бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд. Дар ин муддат Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Сурия ҷиҳати ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 21, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад