Бонки миллӣ ба «Баракат молия» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дод

Май 26, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 26.05.2023/АМИТ «Ховар»/. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Баракат молия» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Тавре  дар  Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ин тасмим дар асоси  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» гирифта  шудааст.

Дар асоси қарори мазкур Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар маълумотномаи «Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сабтҳои марбутаро ворид намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2430 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3393 сомонӣ муқаррар шудааст
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2371 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1087 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2309 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1076 сомонӣ муқаррар шудааст