Бори аввал дар Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид

Май 30, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 30.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Мактабҳои 2030» Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор шуда истодааст, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои мамлакат, беҳтарин омӯзгорони навовари муассисаҳои таълимии лоиҳавии вилоятҳои Хатлон ва Суғду Бадахшон иштирок доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Иштирокдорон ва аъзои ҳакамон аз маҳсули дастранҷи иштирокчиёни озмуни лоиҳаи омӯзгорони навовар дидан намуданд. Лоиҳаи номбурда дар беш аз 100 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ мешавад. Ба озмуни мазкур танҳо 26 омӯзгори фаъолу навовар аз муассисаҳои таълимии фаъолтарин роҳ ёфта тавонистанд.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили форуми мазкур ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи он, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор, инчунин дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад.

Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Асомуддинзода афзуд, ки аз ҷониби вазорат баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани шароиту имконияти корӣ, сифати таҳсилот, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

«Ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Мактабҳои 2030» ба рушди касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони деҳот мусоидат менамояд, ки он низ аз ҷумлаи тадбирҳои вазорат дар ин самт мебошад»,-афзуд номбурда.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Май 30, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст