Бостоншиносон дар натиҷаи ҳафриёт дар ноҳияи Фархор якчанд қабри замони маданияти Вахшро пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ёдгории аҳди биринҷии Чилтанбобои ноҳияи Фархор экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия шуруъ аз 1 май идома дорад. Дар натиҷаи ҳафриёт ба бостоншиносон муяссар гардид, ки якчанд қабри замони маданияти Вахшро пайдо намоянд, ки ҷасадҳо бо хусусияти хоси маросимӣ дафн карда шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ иттилоъ доданд.
Дар он муҳаққиқон аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон- доктори илмҳои таърих С. Бобомуллоев (роҳбари гурӯҳ), антрополог М.Наврӯзбеков ва М. Шарипов ва аз ҷониби Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия доктори илмҳои таърих Н.М. Виноградова иштирок доранд.
Корҳои бостоншиносӣ дар ин ёдгорӣ то 30 майи соли 2023 идома ёфта, аз натиҷаи дастовардҳои илмии он хабар дода мешавад.
Ҳамзамон аз 29 апрел инҷониб дар ёдгории таърихии Золи Зари ноҳияи Данғара экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Миссияи бостоншиносии Маркази миллии илмҳои Фаронса идома дорад.
Дар он муҳаққиқон аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ- академик Ю. Яқубов, номзади илмҳои таърих Т. Филимонова, А. Қараев ва И.Ашурмадов ва аз ҷониби Миссияи бостоншиносии Фаронса Матилд Желен, Валер Бомбо, Реми Ламбер, Албан Сантеноа, Герман Жозеф Зейен ва Марк Песел иштирок доранд.


Корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Золи Зари ноҳияи Данғара аз соли 2021 идома доранд. Аз натиҷаи ҳафриёт маълум шуд, ки ёдгории Золи Зар ба давраи Юнону Бохтар тааллуқ доштааст.
Дигар ёдгориҳои таърихии мансуб ба ин давра дар мавзеъҳои Пушинг, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Ёхсу, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин ёфт шуда, анҷом додани корҳои бостоншиносӣ дар онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ёдгории Золи Зар то 7 июн идома меёбанд.
АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






