Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба мавзуи буҳрони ғизоии Афғонистон ва таъсири он ба тоҷикони Афғонистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Буҳрони ғизоии Афғонистон ва таъсири он ба тоҷикони Афғонистон» ҳамоиши навбатии илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази мероси хаттӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш олимон ва ҷомеашиносон, намояндагони аҳли зиёи Афғонистони муқими Тоҷикистон иштирок карда, мавзуи мавриди назарро муҳокима ва андешаҳои хешро баҳри раҳоӣ аз ин вазъият пешниҳод намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлати фарогири ҳамаи қишрҳо ва халқияту миллатҳои Афғонистон ва дастрасии мардуми ситамкаши ин мамлакат ба кумакҳои ғизоӣ сухан гуфт.
Доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров оид ба моҳияти баргузории силсиламашваратҳо ва ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки намояндагони Афғонистон ибрози назар намуд.
Дар маърузаҳои худ докторанти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаёзиддин Ғиёсӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Аброр Мирсаидов аз фалокатҳои буҳрони ғизоии Афғонистон ва заъфи хукумати толибон бо далелҳои муътамад суҳбат карда, омилҳо ва роҳҳои ҳалли ин масъаларо шарҳ доданд.
Сипас Раиси бунёди «Аҳмадшоҳи Масъуд» Валӣ Аҳмад Масъуд, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод оид ба беҳбуди таъмини мардуми Афғонистон бо маводи ғизоӣ, пешгирии фалокатҳои башарӣ ва мубориза бо қочоқи ғизоӣ таклифу пешниҳодҳо ироа намуданд.
Зимни ҳамоиш дар шакли маҷозӣ коршиносони шинохта, олимони Афғонистони муқими Аврупо ва Амрико иштирок карда, атрофи мавзуъ изҳори назар намуданд.
АКС: Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






