Дар ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ масоили ҳифзи гуногунии биологӣ, агробиологӣ ва тағйирёбии иқлим муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи ҳавзавии Фонди глобалии экологӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Швейтсария – 2023 аз 18 то 20 май дар Душанбе доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, агробиологӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳкими сохтори амнияти биологиро баррасӣ намуданд.
Ҷаласа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Фонди глобалии экологӣ ташкил гардид.
Баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии кишварҳо, густариши робитаҳо ва кӯшишҳои дастрасӣ ба иттилоот, қабули масъалаҳои идоракунии ҳавзавӣ, аз қабили тартиботе, ки кишварҳо зимни муҳокимаи татбиқи лоиҳаҳои Фонди глобалии экологӣ бояд доир ба он маълумот гиранд, аз ҳадафҳои ҷаласа мебошад.
20 май сафари озмоишии иштирокдорони ҷаласа ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд






