Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори аввал аз фанни химия интернет-олимпиадаи онлайнӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори аввал интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба роҳ монда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур.
Зимни баргузории олимпиада ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «рӯ овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии ҳар давлат ва таъмини рақобатпазирии он дар арсаи ҷаҳон мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушд нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли ҳар гуна масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим мебошад».
Иброз гардид, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамаи дастовард ва муваффақияти факултети химияи донишгоҳро ба инобат гирифта, бо мақсади рушди тафаккури химиявӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи навоварӣ, пайвасти илм бо амалия, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанни химия, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт бори аввал интернет-олимпиадаи онлайниро аз фанни химия ба роҳ монд.
Ёдовар мешавем, ки кори интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия пагоҳ низ идома меёбад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






