Дар Душанбе бо иштироки ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рўзи ҷавонон ҳамоиши идона доир шуд

Май 22, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) таҳти унвони «Нақши ҷавонони соҳибистеъдод дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш ба як зумра иштирокчиёни фаъоли ин озмунҳо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита супорида шуд.

Ҳамоиш дар доираи моҳвораи ҷавонон баргузор шуда, дар он роҳбарияти Кумита, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ, гирандагони стипендияи президантӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Нимаи дуюми рӯз дар идомаи ҳамоиши мазкур дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳти унвони «Дунё пур аз ҷавонӣ» бо ҷалби ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» консерти идона баргузор карда шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 22, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»