Дар Душанбе нахустин маҳфил-викторинаи «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир гардид

Май 11, 2023 08:27

ДУШАНБЕ, 11.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ нахустин маҳфил-викторинаи «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Иштирокчиён вобаста ба аҳамият ва нақши озмун дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон ибрози ақида намуда, афзуданд, ки мақсади маҳфил дарки ҳамаҷонибаи таърих ва ба Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» беҳтар омода намудани довталабон мебошад. Гуфта шуд, ки баргузории маҳфил дар баланд бардоштани тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ дар замиру ботини насли наврас нақши созгор хоҳад гузошт.

Дар идомаи маҳфил аз ҷониби таърихнигорон ба иштирокчиён доир ба мавзуи нахустин маҳфил – викторина саволҳо пешниҳод карда шуд, ки ба ҳар савол посухи мушаххас ва пурра пешниҳод гардид.

Маҳфил–викторинаи ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» хеле шавқовар ва пурмазмун сурат гирифта, дар он дӯстдорони таърихи пурғановати халқи тоҷик байни ҳам сабқат намуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто

Май 11, 2023 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид