Дар Душанбе Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 29.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси раёсати Бозраси давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодавии Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва намояндагони ВАО доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз 28 май то 2 июн дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ идома меёбад. Он дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, мақсад- пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва ба ин восита ташвиқу тарғиб намудани иҷрои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҷойҳо мебошад.
Ба гуфти сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саймумин Ҳасанзода, озмуни мазкур дар се давр гузаронида шуда, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо, баъдан вилоятҳо ва даври сеюм дар ҷумҳурӣ доир карда мешавад.
Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» байни шаш дастаи нозирони навраси ҳаракат дар роҳҳои минтақаҳои мухталифи мамлакат бо баргузории шартҳо доир мешавад.
Таҳлили гузаронидаи РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли сипаришуда нишон дод, ки зиёда аз 63 фоизи ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки кӯдакон ва наврасон ба амал омадааст.
Тибқи омор, аз аввали соли равон то 25 май дар ҷумҳурӣ 406 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 146 нафар ҳалок шуда, 442 нафар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардонида шудааст.
Бо иштироки пиёдагардон дар 182 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 52 пиёдагард ба ҳалокат расида, 136 нафар ҷароҳат бардоштааст.
«Баргузории чунин озмунҳо байни наврасону кӯдакон барои коҳиши ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ заминаи хуб буда метавонад», — тазаккур дод сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саймумин Ҳасанзода.
АКС: АМИТ «Ховар»









Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






