Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шӯрои намояндагии «Созандагони Ватан» таъсис ёфт

Май 24, 2023 18:38

ДУШАНБЕ, 24.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конференсияи  XXXVIII Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки вакилон аз кумитаву ташкилоти ҳизбии ноҳия баргузор гардид, ки зимни он Шӯрои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ин ноҳия таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода хабар медиҳад.

Иброз карда шуд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дуруст аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Таъсиси Шӯрои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шароит фароҳам меорад, ки баҳри ҳалли баъзе мушкилоти мавҷуда аз тамоми имконият истифода намуда, ҷавонон бештар ба чорабиниҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ ҷалб карда шаванд.

Тазаккур дода шуд, ки таъсиси намояндагӣ дар вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки инсониятро ба ташвиш овардааст, саривақтӣ аст. Чунин вазъ тақозо менамояд, ки тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас дар чаҳорчӯби танзими меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.

АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Май 24, 2023 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад