Дар ноҳияи Шаҳристон сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 идома дорад

Май 13, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ​ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону сокинон бунёди 8 синфхонаи иловагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани 8 синфхонаи иловагӣ дар ду баст барои таҳсили 400 нафар шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Арзиши лоиҳавии бинои таълимӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ буда, дар айни замон сохтмон идома дорад.

Ба иттилои масъулин, дар ноҳияи Шаҳристон дар маҷмуъ 22 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, 10 670 хонанда дар онҳо таҳсил мекунад.

Инчунин дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 толори варзишӣ бо харҷи 830 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои ба варзиш фаро гирифтани насли наврасу ҷавон пешбинӣ гардидааст.​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 13, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид