Дар Тоҷикистон кӯдакони аз 7 то 11-сола ба маъракаи бекирмгардонӣ фаро гирифта мешаванд

Май 4, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 04.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати паст шудани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбии бемориҳои гелминтӣ ё сироятёбӣ аз кирм  1 миллиону 203 ҳазору 226 кӯдаку навраси аз 7 то 11-солаи Тоҷикистон ба маъракаи бекирмгардонӣ фаро гирифта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маъракаи мазкур аз 1 то 5 май идома ёфта, зимни он ба кӯдакон  доруи «Мебендазол» дода мешавад.

Доруи «Мебендазол» истеҳсоли ширкати дорусозии Janssen-Cilag (Белгия) буда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ба муассисаҳои зерсохтор дода мешавад.

Тақсими маводи дорувории «Мебендазол» ба муассисаҳои профилактикии зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва арзёбии натиҷаи чорабинии мазкур ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и вазорати мазкур гузошта шудааст.

Гуфта шуд, ки ҳар 2 сол як маротиба дар байни гурӯҳҳои мақсаднок (кӯдакони 7-10-сола) аз тарафи мутахассисони марказ дар 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ интихобан тадқиқоти гелминтологӣ гузаронида мешавад. Тибқи тадқиқот ва маълумоти оморӣ, паҳншавии бемориҳои гелминтозӣ аз шумораи умумии сироятёфтагон дар байни кӯдакону наврасони то 18-сола дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 70 фоизро ташкил медиҳад. Бемориҳои гелминтозӣ бештар энтеробиоз (40-45%) ва аскаридоз (35-40%)-ро ташкил медиҳанд ва пешгирию табобат бо маводи дорувории «Мебендазол» дар ин маврид натиҷаи хуб медиҳад.

АКС: Маркази матбуоти тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад