Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати CAFA-2023 байни ҷавонон иштирок мекунад

Май 17, 2023 09:24

ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 28 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол  таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бозӣ мекунад. Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои охирини омодагӣ ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад.

Рақибони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 байни ҷавонон дастаҳои Эрон, Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон мебошанд.

Дар маҷмуъ дар доираи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола даҳ бозӣ баргузор мешавад. Панҷ вохӯрӣ дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе ва панҷ бозии дигар дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода баргузор мешавад.

Тибқи низомномаи мусобиқот, ҳар даста дар як давр бо ҳамдигар бозӣ мекунад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Бояд гуфт, ки қаблан чемпионати CAFA байни ҷавонон солҳои 2016, 2019 ва 2022 баргузор шуда буд. Соли 2016 дастаи мунтахаби Узбекистон дар Тошканд ва солҳои 2019 ва 2022 дастаи мунтахаби Эрон дар Душанбе ғолиби мусобиқа гардида буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 17, 2023 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд