«ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР». Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои бачагона оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 30.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» дар саҳни маҷмааи «Шарқи Озод» намоиш — фурӯши 160 номгӯй китобҳои рангаи бачагона бо тахфифи 50-фоиза оғоз ёфт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз баргузории намоиш- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаи хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар намоиши мазкур адибону олимон, дӯстдорони китобу толибилмон иштирок намуда, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ изҳори назар карданд.
Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин намоишҳо баҳри баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва шиносоӣ бо китобҳои тозанашри адибони муосир заминаи воқеӣ мегузорад.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки китобҳои бадеӣ омӯзгорони бемузду беминнате ҳастанд, ки инсонҳоро аз ҷиҳати ахлоқӣ тарбия мекунанд, барои шинохти мавқеи худ дар ҷомеа роҳнамо мешаванд, дар шинохти нек аз бад кумак мерасонанд, худшиносии миллиро таҳким мебахшанд ва ҳифзи арзишҳои миллиро бо беҳтарин навъ талқин менамоянд.
Дар ин маъракаи фарҳангӣ дар баробари хариди китоб ҳамзамон хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки бо шоирону нависандагони маҳбуб ва шинохтаи тоҷик ҳамсуҳбат гардида, аз онҳо соядаст бигиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






