«ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР». Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои бачагона оғоз ёфт

Май 30, 2023 11:06

ДУШАНБЕ, 30.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» дар саҳни маҷмааи «Шарқи Озод» намоиш — фурӯши 160 номгӯй китобҳои рангаи бачагона бо тахфифи 50-фоиза оғоз ёфт,  хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории намоиш- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаи хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар намоиши мазкур адибону олимон, дӯстдорони китобу толибилмон иштирок намуда, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ изҳори назар карданд.

Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин намоишҳо баҳри баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва шиносоӣ бо китобҳои тозанашри адибони муосир заминаи воқеӣ мегузорад.

Иштирокчиён изҳор доштанд, ки китобҳои бадеӣ омӯзгорони бемузду беминнате ҳастанд, ки инсонҳоро аз ҷиҳати ахлоқӣ тарбия мекунанд, барои шинохти мавқеи худ дар ҷомеа роҳнамо мешаванд, дар шинохти нек аз бад кумак мерасонанд, худшиносии миллиро таҳким мебахшанд ва ҳифзи арзишҳои миллиро бо беҳтарин навъ талқин менамоянд.

Дар ин маъракаи фарҳангӣ дар баробари хариди китоб ҳамзамон хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки бо шоирону нависандагони маҳбуб ва шинохтаи тоҷик ҳамсуҳбат гардида, аз онҳо соядаст бигиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2023 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд