Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент шинос шуд

Май 17, 2023 19:43

ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони масъули вилояти Суғд ба шаҳри Панҷикент рафта, аз вазъи соҳаи кишоварзӣ дидан намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.

Гурӯҳи корӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи  самараноки обу замин, заминҳои наздиҳавлигӣ, байни қаторҳои боғҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ, риояи корҳои агротехникии зироат ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа аз наздик шинос шуд.

Ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил, таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ, содироти онҳо ба хориҷи мамлакат ва ҳалли муаммоҳои ҷойдошта аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат дастурҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2023 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд