ХУШ ОМАДӢ, ТОБИСТОН! Аз 12 июн дар Душанбе истироҳати тобистонаи хонандагони мактаб оғоз мегардад

Май 25, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 июн дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии  «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчурӯд» -и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардида, 23 июн анҷом меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

«Истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ройгон ташкил гардида, он дар чор баст бо фарогирии 10 ҳазору 352 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, ҳар як баст  11 рӯз идома меёбад»,-гуфт Асомиддин Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал ба истироҳат  кӯдакони ятиму бепарастор, дорои маъюбии дараҷаи сабук, ғолибони даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Хонандаи сол», инчунин ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаванд.

«Дар истироҳатгоҳҳо кӯдакону наврасон дар баробари истироҳати бофароғат ҳамзамон ба чорабиниҳои таълимию  тарбиявӣ ва фарҳангӣ ҷалб мегарданд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд. Дар онҳо омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ низ ба роҳ монда мешавад», -илова намуд мавсуф.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе бо вазъи омодагии ин истироҳатгоҳҳо шинос шуда, маълум намуданд, ки корҳои таъмиру барқароркунӣ, безараргардонии биноҳо бо маводи дизенфиксионӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо бо мизу курсӣ, катҳои хоб ва ҷиҳози мулоим идома дорад.

Инчунин дар онҳо таъмири майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, толори китобхонӣ, синфхонаҳои омўзишии забонҳои хориҷӣ ва компютерӣ, сабзазоркунию ниҳолшинонӣ, вазъи санитарию гигиении ошхонаҳо, риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор роҳандозӣ гардида, дар ин самт корҳои омодагӣ идома дорад.

Зарангези  ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд