Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 4 дараҷа паст хоҳад шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борон-барф) меборад. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21, рӯзона 26+31 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






