Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад

Май 28, 2023 10:35

ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 май дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар медиҳад.

Ғолиб дар  мубориза барои мақоми олии давлатӣ байни президенти кунунӣ Реҷеп Тайип Эрдоган ва раиси Ҳизби халқии ҷумҳуриявӣ Камол Киличдароглу бо аксарияти оро муайян хоҳад шуд.

Ба иттилои Комиссияи олии интихоботӣ, дар қитъаҳои интихоботӣ беш аз 191 ҳазор қуттии овоздиҳӣ, ки аз соати 08:00 то 17:00 ба вақти Туркия кор мекунанд, насб шудааст. Дар овоздиҳӣ беш аз 60 миллион интихобкунанда дар саросари Туркия метавонанд иштирок намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали интихоботи президентӣ, ки 14 май баргузор шуд, Реҷеп Тайип Эрдоган 49,52 дарсад,  Камол Киличдароглу 44,88 дарсад ва номзад аз эътилофи АТА Синан Оган 5,17 дарсад овози мардумро ба даст оварда буданд. Иштироки интихобкунандагон 88,92 фоизро ташкил дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 28, 2023 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид