Кӯдакистони рақами 8-и Ҷамоати шаҳраки Ҳисор баъди таъмири пурра ба фаъолият оғоз намуд
ҲИСОР, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 май муассисаи томактабии рақами 8-и Ҷамоати шаҳраки Ҳисор баъди таъмири пурра ва барқарорсозию муҷаҳҳазгардонӣ бо иштироки меҳмонон ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Бинои муассиса дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмиру барқарор шуда, кӯдакон баъди таътили муваққатӣ ба он ворид шуданд.
Муассиса аз ду ошёна иборат буда, дару тирезаҳо пурра иваз гардида, девору долонҳо аз нав андоваю рангубор шудааст. Фаршу шифти ҳуҷраҳои хоб ва лавозимоти барои бозиву машғулият пешбинигардидаи кӯдакистон пурра иваз карда шудааст. Барои таъмини бино бо гармӣ ба ҷои собиқ бухориҳои аловӣ хатҳои нави гармидиҳии марказонида насб гардидааст.
Меҳмонон бо шароити ҷойи хоб, синфхонаҳои таълимӣ ва хизматрасонии санитарию гигиенӣ дар муассиса шинос гардида, дар машғулияти дарси рақси кӯдакон иштирок намуданд.


Маъмурияти кӯдакистон ва мураббияҳо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ғамхории пайваста нисбат ба кӯдакону муассисаҳои томактабӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳри Ҳисор ҳамаи муассисаҳои томактабии давлатӣ аз ҳисоби лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» навсозию таъмири пурра гардида истодааст. Онҳо дар муҳлатҳои гуногуни муайяншуда бо беҳтарин синфхонаҳои замонавию муҷаҳҳаз дари худро ба рӯйи тарбиятгирандагон мекушоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






