КОРКАРДИ ХИМИЯВИИ ДАРАХТОН. Барои гирифтани ҳосили дилхоҳ аз боғ гузаронидани он муҳим аст
ХОРУҒ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо гарм шудани иқлим ҳашароти зараррасон аз «лонаҳо»-и худ берун шуда, муғчаву барг ва танаи дарахтонро макида, дарахтони боғро на танҳо аз сабзишу ҳосилдиҳӣ бозмедоранд, балки дар оянда ба чӯби хушк табдил медиҳанд.
Сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растанӣ ва химиякунонии кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муъминшо Лутфишоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «соли дуюм аст, ки зиёдшавии шумораи як намуди ҳашароти зараррасон бо номи мур дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ба назар мерасад. Аз ин рӯ мутахассисони муассисаи мо на танҳо дар фасли баҳор, балки дар охири фасли тирамоҳ низ ҳамроҳ бо боғдорон барои нобудсозии ин ҳашарот талош мекунанд. Коркарди баҳории боғҳо аз сафед намудани кӯракҳо, кофтани танаи дарахтон ва нобудсозии ҳашарот, ки зери пӯст ва ё баргҳои рехта «пинҳон» шудааст, оғоз ёфта, бо пошидани дору ба анҷом мерасад. Ин намуди ҳашарот хеле хатарнок буда, на танҳо дарахтони себу зардолу, олую ангур, ноку шафтолуро аз ҳосилдиҳӣ бозмедорад, балки пӯсту барги талхи дарахти чормағзро низ нобуд месозад. Мутаассифона, баъзе аз боғдорон кӯшиш мекунанд, ки бо усулҳои халқӣ ҳашаротро нобуд созанд ва ба мутахассисони соҳа хеле дер муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ гурӯҳи мо дар баробари дорупошӣ ҳамчунин ба боғдорон доир ба масъалаҳои пешгирӣ аз паҳншавии ҳашарот маълумоти мукаммал медиҳад».
Мутахассисони Муассисаи давлатии муҳофизати растанӣ ва химиякунонии кишоварзии вилоят изҳор доштанд, ки соли равон миқдори кофии заҳрхимикатҳо аз давлатҳои Чину Русия дастрас гардида, дар анборхонаҳо захира карда шудааст.
Агарчӣ дар чанд соли охир дар натиҷаи селексия намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаи ба офатҳои табиӣ тобовар зиёд ба назар расида, ҳосили хуб ҳам ба бор меоранд, аммо мутахассисони соҳа аз боғдорон даъват намуданд, ки барои пешгирӣ аз пайдоиши ҳашароти зараррасон аз коркарди химиявии дарахтон худдорӣ накунанд. Ҳар боғбон бояд донад, ки кай ва чӣ миқдору чӣ намуд дору ба дарахтони мевадиҳанда пошида мешавад. Танҳо дар ин маврид метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






