Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Минск иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи сайёри навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин баргузор гардид, раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки баргузории ин ҷаласа далели равшани ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СААД аст, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзо мебошад.
Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки ҷаласаи имрӯза барои ҷамъбасти баъзе натиҷаҳо ва баррасии дурнамои рушди минбаъдаи Ассамблеяи парлумонии СААД имконияти хуб хоҳад буд.
«Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амнияту субот дар чаҳорчӯби СААД таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Ҳуҷҷати муҳиме, ки Созмони моро бо роҳи рушди худ пеш мебарад, Стратегияи амнияти дастҷамъии СААД барои давраи то соли 2025 мебошад, ки принсипҳои ҳамкории моро дар давраи миёнамуҳлат инъикос менамояд», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Ҳамзамон дар рӯзномаи ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 14 масъалаи мубрами рӯз баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул гардид.
Дар кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Минск Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдодзода ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид






