Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқоти иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД бо Президенти Беларус иштирок намуд

Май 18, 2023 19:22

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Минск дар ҳошияи ҷаласаи саӣёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва роҳбарони парлумонҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии Созмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Александр Лукашенко иброз намуд, ки Беларус ба ҷанбаи парлумонӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти муваффақи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, такмил ва рушди минбаъдаи он аҳамияти хосса медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки вакилони парлумон тавассути иштироки фаъолонаи худ дар равандҳои рушд ва таҳкими иқтидори Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ метавонанд нақши Созмонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ баланд бардоранд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Минск дар фазои комилан созанда баргузор шуда, ба қабули қарорҳои мушаххас, ки ба таҳкими муносибатҳои ҳампаймонии давлатҳои аъзои Созмон нигаронида шудаанд, мусоидат хоҳад намуд.

 

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2023 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад