Масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Май 4, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 май Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Ҷумҳурии Туркия бо Прокурори генералии ин давлат Бекир Шаҳин вохӯрӣ доир намуд, ки зимни он масъалаи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прократураи генералӣ хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар вохӯрӣ ҳамкории мақомоти прокуратураҳои давлатҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва масъалаи эътирофи ташкилоту созмонҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар ҳудуди якдигар муҳокима гардид.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин идома додани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ ва муқовимати бевосита ба зуҳуроти номатлуби болозикр, аз ҷумла пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 4, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?