«НИГОҲИ МАН». Дар Душанбе намоиши асарҳои эҷодӣ оғоз ёфт

Май 21, 2023 10:37

ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсиси донишкада таҳти унвони «Нигоҳи ман» намоиши асарҳои эҷодии омӯзгори ҷавони кафедраи тарҳрезии бадеии либос баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар намоиш асарҳои рассомӣ, ки давоми 10 соли фаъолияти эҷодии рассом Абдуазизов Давлат тасвир шудааст, ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоиш ректори Донишкада, меҳмонон аз Федератсияи Русия, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада, арбобони санъат ва дигар намояндагони  санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоиши мазкур то 15 июн идома меёбад.

 АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2023 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид