НИМ АСР БО ҲАМ — ДАР ЯКДИЛИВУ ҲАМДИГАРФАҲМӢ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила эътироф шудааст. Ба иттилои Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чор моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 25 ҳазору 24 никоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумора 6804 никоҳ дар вилояти Суғд, 10 ҳазору 104 ҳолат дар Хатлон, 252 никоҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 5684 никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2080 никоҳ дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, воситаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазое аст, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд кардаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.
Имрӯз дар мамлакат оилаҳои зиёде ҳастанд, ки бо рафтору кирдори намунавӣ дар ҷамъият нақши босазо мегузоранд. Аз ҷумла, бо тарбия намудани фарзандони саводноку бомаърифат ва дорои ахлоқи воло дар пешрафти ҷомеа ҳисса мегузоранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо оилаи Алимовҳо, ки дар маҳаллаи «Мевагул»-и шаҳри Хуҷанд соҳиби эҳтироманд, ҳамсуҳбат гардид.
Ин оилаи намунавӣ зиёда аз 50 соли ҳаёти худро дар фазои орому осуда ва сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ сипарӣ намудааст. Онҳо асрори зиндагии хушбахтонаро дар эҳтиром ва дӯстдорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ботаҳаммул будан мебинанд.
«Агар дар зиндагии якҷоя зану шавҳар ҳурмату иззати худу калонсолонро ба ҷо оранд, дар назди фарзандон рафтори намунавӣ нишон диҳанд, дар пастиву баландии зиндагӣ ба якдигар дасти кумак дароз намоянд, он гоҳ оила солим ба камол мерасад», -мегӯянд онҳо.
Онҳо 3 духтари нозанинро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудаву бо маълумот ба камол расониданд. Бо фарзандон ҳамеша дар боби оилаву оиладорӣ сухан гуфта, таъкид мекарданд, ки пойдориву мустаҳкамии оила аз зан- модар вобастагии зиёд дорад.
Сарварони ин оилаи хушбахт пайваста ба фарзандон насиҳат мекарданд, ки дар оиладорӣ аз ҳама муҳим- меҳру муҳаббат, самимият ва покизакорӣ мебошад. Падару модар барои духтарон ҳатман болои ҷиҳозашон китоб туҳфа мекарданд.
Ба андешаи онҳо, омилҳои пошхӯрӣ ва ё парокандашавии оилаҳо вазъи душвори иқтисодӣ, омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, зӯроварии хонаводагӣ, никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди фарзанди заиф, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати шахсони сеюм ва ҳоказо мебошад.
«Сабаби дигари ҷудошавии оилаҳо- ин вазъи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки дар бисёр мавридҳо хароҷоти зиёд сабаби ҷангу низоъҳои оилавӣ мегардад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, маҳз ба ҳамин хотир ба роҳ монда шудааст»,-мегӯяд холаи Муҳтарам Алимова, ҳамсари хонадон.
Ба андешаи ӯ, пеш аз тӯй ва баргузор намудани маросими бошукуҳ бисёр вақт дар оилаҳо байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Занони хонадон барои таҳия ва хариди ҷиҳози барои тӯй зарурӣ бо марди хона баҳсу мунозира намуда, маблағи зиёд талаб мекунанд.
«Бешак, дар амалӣ намудани танзими расму ойин ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад ва танҳо модарону занон ҳастанд, ки урфу одатҳоро дар зеҳну шуури ҷавонон талқин мекунанд. Дар тӯй мавқеи занон хеле калон буда, аксар вақт онҳо сабабгори зиёдаравӣ мегарданд. Хуб мешуд, ки занону модарон масъули назорати тӯйи домодию арӯсӣ бошанд ва аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоянд»,-мегӯяд холаи Муҳтарам.
Мавсуф иброз медорад, ки барпо намудани тӯю дигар маъракаҳои дабдабанок мояи саодату хушбахтии навхонадорон- фарзандони онҳо шуда наметавонад. Баръакс, чунин харҷҳои беҳуда метавонад сабаби пайдо гардидани нофаҳмӣ байни ду оилаи хешшаванда ва ҳатто сабаби хонавайронии фарзандони онҳо гардад. Мо дар хонадоршавии фарзандон аз исрофкорӣ худдорӣ намуда, маблағи онро дар эҳтиёҷоти дигари оила истифода намудем.
«Сабаби дигари вайроншавии оилаҳо ин аст, ки як гапи бемантиқ ё нигоҳи тезу ғазаболуди яке аз аъзои оила сабаби вайроншавии муносибатҳо ва билохира пошхӯрии оилаҳо мегардад»,-мегӯяд сардори оила Абдукарим Алимов.
Ба андешаи номбурда, барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро бояд ба мактаби оила, ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро тамоми бурду бохти мо ба оилаву оиладорӣ алоқаманд аст.
«Падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам ҷиддӣ назар намоянд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб тарбия намоянд, то он ки фарзандон ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд, насли ҷавонеро бояд тарбия намоянд, ки дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал карда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад»,- изҳор медорад Абдукарим Алимов.
Бояд гуфт, ки оила дар ҳама давру замон арзиши олии ҷомеа ҳисобида шуда, ҳифзи байналмилалӣ-ҳуқуқии оила, модару кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ танзим шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд