ОФАРИН! Хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 22 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 04.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи XIX байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии педагогии Урал байни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гардид, сазовори 22 ҷойи ифтихорӣ шуданд. Онҳо, аз ҷумла 6 медали тилло, 8 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Дар он ҳамзамон 20 хонандаи литсей барои иштироки фаъол бо ифтихорнома ҳавасманд гардонида шуд.
Олимпиадаи мазкур аз рӯйи 13 фан, аз ҷумла таърих, ҷомеашиносӣ, забонҳои хориҷӣ – русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, фанҳои адабиёт, математика, физика, информатика, химия ва биология доир шуда, дар он муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, Русия, Беларус, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид






