Омбудсмени Тоҷикистон ба ҳодисаи лату кӯби донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Комсомолски лаби Амур вокуниш намуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «ХОВАР»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба ҳодисаи лату кӯби донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Комсомолски лаби Амури Русия фавран вокуниш нишон дода, ба ҳамкори русаш Татяна Москалкова дархост ирсол намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ваколатдор.
Дар муроҷиати Омбудсмани тоҷик ба ҳамтои русаш, аз ҷумла омадааст: «Аз иттилои воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо маълум гардид, ки субҳи барвақти 19 майи имсол кормандони Отряди милитсияи таъйиноти махсус (ОМОН) дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии амният (ФСБ) ба хобгоҳи донишҷӯён омада, дурбинҳои назоратиро хомӯш намуда, донишҷӯёнро, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накардаанд, бераҳмона лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳову телефонҳои онҳоро мусодира намудаанд. Дар натиҷаи лату кӯби бераҳмона якчанд донишҷӯи тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштаанд, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд».
Дар зимн Умед Бобозода аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова тақозо кардааст, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои даст ба амали ғайриқонунӣ задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Комсомолски лаби Амур нисбат ба донишҷӯёни тоҷик, ки муҳассилини Донишгоҳи Комсомолски лаби Амур мебошанд, дахолат намояд ва ба тафтиши холисонаи ҳодисаи мазкур мусоидат намояд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






