Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати баландмақоми Федератсияи байналмилалии футболи ҷаҳонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин Ҷанни Инфантино бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар мамлакатро баррасӣ менамояд.
Президенти ФИФА ҳамчунин дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе иштирок хоҳад кард, ки зимни он маросими интихоби роҳбарияти CAFA барои давраи нави чор сола баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон











Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






