Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзодаро ифтитоҳ намуданд

Май 24, 2023 08:53

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти милитсия тамоми инфрасохтори зарурӣ бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст.

Иншооти мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии як гектар бунёд гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа, бинои нав барои пешбурди фаъолияти самараноки дастаи махсуси зудамали шуъба пешбинӣ гардида, дорои 24 ҷойи хоб барои афсарон мебошад.

Бинои навбунёд аз маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Маҷлисгоҳ бо нишастгоҳҳои замонавӣ таъмин буда, барои гузаронидани чорабиниҳо ва мулоқот пешбинӣ шудааст.

Дар китобхонаи электронӣ номгӯи зиёди адабиёти соҳавӣ ва асарҳои илмию бадеии тозанашр мавҷуд аст, ки кормандон метавонанд дар вақти муносиб ба мутолиа машғул шуда, дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Барои ба варзиш машғул шудани кормандони шуъба, хусусан дастаи зудамал майдон ва як толори варзишӣ сохта шудааст. Майдону толор бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин таъмин аст. Масоҳати майдони варзишӣ 600 ва толори варзишӣ 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии муборизабар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзода 24.05.2023

Май 24, 2023 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд