Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн мулоқот намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои меҳмоннавозии анъанавӣ миннатдорӣ карда, аз натиҷаҳои намоёни ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун давоми 10 соли барқарор шудани муносибатҳои шарикию стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни суҳбат масоили татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохториро баррасӣ карда, ҷиҳати рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, кишоварзӣ, тиҷорати электронӣ, сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Масъалаи татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, тавсеаи долонҳои транзитӣ, модернизатсияи гузаргоҳи Қулма-Қаросу, оғози татбиқи марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма ва васеъ кардани ҷуғрофияи алоқаи ҳавоии байни кишварҳо аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд, ки ҷонибҳо оид ба амалисозии онҳо табодули андеша карданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси базаи истеҳсоли “технологияи сабз” дар Тоҷикистон, рушди робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар бахши илм ва техника баррасӣ гардид.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






