«Ширкат оид ба захираҳои Тибет Эверест» — и Чин барои рушди саноат дар Тоҷикистон беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд

Май 22, 2023 17:55

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузорӣ ва саноат тавсеа мебахшанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 16-19 май дар радифи 11 санади ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Ширкат оид ба захираҳои Тибет Эверест»-и Чин ба имзо расонида шуд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи ин санад ҶДММ «Ширкат оид ба захираҳои Тибет Эверест» барои рушди саноат, аз ҷумла вусъати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ғанӣ гардонидан, сохтмони комбинати нави маъданҳои кӯҳӣ, сохтмони навбати дуюми хати истеҳсолии заводи сурб барои истеҳсоли сурби электролитӣ дар Тоҷикистон беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 22, 2023 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»