Сокинони шаҳри Конибодом заминҳои наздиҳавлигии худро самараноку оқилона истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 03.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Конибодом ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ заминҳои наздиҳавлигии худро самараноку оқилона истифода мебаранд. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар мадди аввал қарор гирад ва ҳар қитъа замини корам самараноку оқилона истифода шавад.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, сокинон асосан дар заминҳои наздиҳавлигӣ картошка, сабзавот ва полезӣ кишту парвариш карда, давоми сол ду-се ҳосил мегиранд ва дар баробари оилаи худ бозори дохилиро ҳам бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин менамоянд.
Истеҳсоли барзиёди маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар заминаи истифодаи самараноку оқилонаи замин ба вуҷуд меояд, дар беҳдошти рӯзгори сокинон аҳамияти муҳим дошта, имрӯз дар ҳар оила ба як амали ҳатмӣ ва маъмулӣ табдил ёфтааст.
Сокини деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом Муҳайё Ҳоҷиматова дар 0,04 гектар замин 12 намуд зироати кишоварзиро кишту парвариш намуда, давоми сол эҳтиёҷоти оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳамин ҳисоб таъмин менамояд. Ҳамчунин дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, хурмо ва ангур парвариш меёбад.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом кишти шолӣ ва полезиҳо идома дорад. Нашъунамои ғалладонагиҳо – гандум ва ҷав, инчунин картошка ва сабзавоти барвақтӣ, ба монанди сабзӣ ва пиёз хуб арзёбӣ мешавад.
Дар деҳоти Фирӯзоба кишоварзони Хоҷагии деҳқонии ба номи “Абдулҳай” дар майдони 70 гектар замин гандуму ҷав, шолӣ, пахта, харбузаю тарбуз ва дигар намуди зироатро кишт намудаанд. Тибқи маълумоти хоҷагидорон, ин заминҳо солҳои зиёд бо сабаби баланд шудани обҳои зеризаминӣ ва норасоии оби полезӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд. Аммо давоми чор соли охир хоҷагидорон бо тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои атроф ва насби муҳаррикҳои нави обкаш дар ин заминҳо кишти зироатро васеъ ба роҳ монда, ҳамасола ҳосили фаровон ҷамъоварӣ мекунанд.
Ҳоло кишоварзони хоҷагӣ ба кишти асосии шолӣ машғуланд. Дар ин хоҷагӣ дурнамои кишти асосии шолӣ 30 гектарро ташкил медиҳад.
Ҳамасола дар шаҳри Конибодом бо васеъ намудани майдони кишт ва риояи қоидаҳои агратехникӣ ҳосилнокии тамоми намуди зироат баланд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда мешавад. Ин ба он хотир аст, ки дар бозори дохилӣ фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин ва сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






