ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 май, чоршанбе, 137-умин рӯзи соли 2023

Май 17, 2023 08:00

17 майи соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

***

17 майи соли 2013 музокироти расмии сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Таиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра доир гардид.

***

17 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ Латифа Ахарбаш мулоқот карданд. Зимни вохӯрӣ имконоти густариши робитаҳои ду давлат баррасӣ шуд.

***

17 майи соли 2010  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо  Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

17 майи соли 2010 зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета доир ба мавҷудияти имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии ду давлат гуфтугӯи судманд доир шуд.

***

17  майи соли 2010  дар шаҳри Душанбе иҷлосияи  37 – уми  Шӯрои   вазирони  корҳои  хориҷии  давлатҳои   аъзои Созмони  конфронси  исломӣ баргузор гардид.

***

17 майи соли 2015 роҳбари Кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти Олмон, профессор Райнер Линднер барои иштирок дар форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон, ки 18 майи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

17 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ.

***

 Дар Нигерия Рӯзи конститутсия.

***

Дар Куба Рӯзи ислоҳоти кишоварзӣ.

Май 17, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст