ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 май, якшанбе, 141-умин рӯзи соли 2023

Май 21, 2023 08:00

21 майи соли 2021 дар Кохи Борбад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд. Зимни мулоқот Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

***

21 майи соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчакро ба ҳузур пазируфтанд.

***

21 майи соли 2017 дар Арабистони Саудӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Америка иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

21 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии 38-уми Шӯрои директорони Бонки рушди исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, суханронӣ намуданд. Бояд гуфт, ки ба ин вохӯрии сатҳи олӣ зиёда аз 740 меҳмони хориҷӣ қариб аз 80 ташкилоти минтақавию байналмилалии кишварҳои ҷаҳон  ташриф оварда буд.

***

21 майи соли 2009 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар  ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ кард.

 21 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии кайҳон.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи мубориза бо терроризм.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангҳо баҳри гуфтугӯ ва рушд.

РӮЙДОДҲО:

21 майи соли 2007 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир гардид.

***

21 майи соли 2007 дар шаҳри Душанбе Фестивали санъати мусиқии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Баҳористон» баргузор шуд.

***

21 майи соли 2010 дар шаҳри Санкт Петербург ҷаласаи 26-уми роҳбарони сохторҳои Шӯрои байнидавлатии мақомоти олии Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон, Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар сатҳи роҳбарони ҳукуматҳо ва Шӯрои роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

***

21 майи соли 2014 дар иҷлосияи навбатии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди мҳокимаи вакилон қарор гирифт.

***

21 майи соли 2017 дар Тоҷикистон Дави миллӣ доир шуд, ки дар он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо иштирок карданд.

***

21 майи соли 2006 дар Черногория барои ба даст овардани истиқлол раъйпурсӣ баргузор шуд.

***

21 майи оли 1904  дар шаҳри Париж Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияи футбол (ФИФА) ташкил ва нахустин президенти ФИФА Робер Герен интихоб гардид.

***

Соли 1851 дар Австралия аввалин маротиба тилло пайдо карда шуд.

Май 21, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст