ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 май, ҷумъа, 146-ум рӯзи соли 2023

Май 26, 2023 08:00

26 майи соли 2022 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шинос гардида, ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо афсарону сарбозон суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

***

9 сол пеш, 26 майи соли 2014  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он аз наздик  шинос шуданд. Ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омӯзонда мешаванд.

***

26 майи соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии пойтахт мардуми Тоҷикистонро бо солгарди 20-уми таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрик гуфта, гузашти низомии ба ин муносибат оросташударо назорат намуданд.

***

Дар ин рўзи соли 2014 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд.

***

26 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Точикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи «The European Times», мусоҳиба анҷом доданд. Маҷаллаи мазкур бо шумораи беш аз 410 ҳазор адад чоп шуда, асосан ба аъзои Парлумони Иттиҳоди Аврупо, парлумонҳои кишварҳои Аврупо, палатаҳои савдову саноат ва бузургтарин ширкатҳои ин қитъаи ҷаҳон ва муассисаҳои бонуфузи молиявӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва дигар доираҳои иқтисодию сармоягузорӣ дастрас карда мешавад.

***

26 майи соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони ин соҳаи давлатҳои созмони номбурда ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо баррасӣ шуд.

26 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон —  Рӯзи адвокатҳо.

***

Дар Гурҷистон — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Полша — Рӯзи модар.

РӮЙДОДҲО:

26 майи соли 2018 нуфуси аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  9 миллион расид. Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи мазкурро  бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд. Дар ин робита, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдорро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова имзо намуд.

***

26 майи соли 2011 аввалин маротиба маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони Нерӯгоҳи барқӣ — обии «Роғун» баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

26 майи соли 2014 бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстию бародарии халқҳо ва ошноӣ бо фарҳанги якдигар дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи  Русия баргузор гардид.

***

26 майи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои 1/8 финали Ҷоми КФО-2015 байни дастаҳои  «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва  «Ал-Ваҳдой» (Сурия) баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Тоҷикистон машқгоҳи ҳарбии кӯҳӣ, ки барои машқу тамрин ва машғулиятҳои омодагии кӯҳӣ барои ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратии мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон мамлакати  кӯҳсор аст, зеро 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин хотир ба омодагии кӯҳии ҷузъутомҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад».  

Май 26, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш