ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, шанбе, 147-ум рӯзи соли 2023 аст

Май 27, 2023 08:00

27 майи соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт  ба истиқболи  20-умин  солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

***

9 сол пеш, 27 майи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн рафтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016  дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ карданд.

***

27 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Роттро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд. Жан Пйер Ротт изҳор дошт, ки Тоҷикистону Швейтсария ба як гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ шомиланд ва пайваста аз манфиатҳои ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд.

***

27 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмии дурӯза ба шаҳри Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

27 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Нигерия — Рӯзи ҳимояи кӯдакон.

***

Дар Федератсияи Русия – Рӯзи китобдор.

РӮЙДОДҲО:

27 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

***

13 сол қабл, 27 майи соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015  Осоишгоҳи «Зумрад» -и шаҳри Исфара  дар  «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015» иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи байналмиллалии тиллоии  «Qualitu Summit» гашт. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА, ки дар он намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ иштирок доштанд,  доир шуд.

***

Соли 2020 дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Ҳиндустон 45 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Эйр Индия» аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.

Май 27, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст