ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 май, душанбе, 149-умин рӯзи соли 2023

Май 29, 2023 08:00

29 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд карда мешавад.

***

29 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хосса гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

***

29 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба садамаи қатораи мусофиркаш, ки боиси талафоти ҷониву хисороти молӣ гашт, ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

29 майи соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

 29 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Доминикан —  Рӯзи модар.

***

Дар Федератсияи Русия – Рӯзи ронандагони ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Аргентина — Рӯзи қӯшунҳои хушкигард.

РӮЙДОДҲО:

29 майи соли 1992 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор карда шуд.

***

29 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» қабул гардид.

***

29 майи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» байни ҳам қувваозоӣ намуданд.

***

29 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи шашуми ҳамкории минтақавии Русия ва Тоҷикистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

***

29 майи соли 2002 Ассамблеяи генералии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он имрӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сулҳофарон маҳсуб мешавад.

Май 29, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш