ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 май, якшанбе, 127-умин рӯзи соли 2023

Май 7, 2023 08:00

7 майи соли 2004  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберт Кристиансенро бинобар ба анҷом расидани муҳлати фаъолияташ ва роҳбари нави ҳайат Питер Винглиро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат доир ба дурнамои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати андозу буҷет, такмили якчанд асосҳои ҳуқуқии вобаста ба кодекси андозу гумрук ва сиёсати қарзию пулӣ мубодилаи афкор карда шуд.

***

7 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  шиносоӣ  бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар карданд.

***

7 майи соли 2015 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар бораи содагардонии тартиби тиҷорат бо Созмони умумиҷаҳонии савдо  тасдиқ карда шуд.

***

7 майи соли 1895 профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург Александр Степанович Попов дар ҷаласаи Ҷамъияти русиягии олимони соҳаи физика ва химия  нахустин шуда дар ҷаҳон намунаи радиоро ба намоиш гузошт. Таҷҳизоти мазкур садоро ба масофаи 250 метр интиқол медод.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа

***

Дар Федератсияи Русия, Беларус, Қирғизистон, Арманистон — Рӯзи ихтирои радио

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи муҳофизони Ватан

***

Дар Шотландия — Рӯзи баҳор

Май 7, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст